Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти журналисти дигарандеш дар Эрон


Ҳомиёни ҳуқуқи инсони Эрон хабар додаанд, ки журналисти эронӣ, Нозанини Хусравонӣ, ки ҳафтаи гузашта бенишон гаштааст, дар маҳбаси Эвин мебошад. Пайвандони ӯ гуфтаанд, панҷ рӯз пеш Хусравонӣ ба манзилаш барнагашт ва танҳо имрӯз аз занги кӯтоҳи телефонӣ маълум шудааст, ки ӯ дар зиндон мебошад. Айбномаи зидди Хусравонӣ эълон нашудааст, аммо рӯзи 3-юми ноябр нерӯҳои амниятӣ хонаи ӯро кофтуков ва компютерашро мусодира намудаанд. Журналист қаблан барои нашрияҳои ислоҳталаби "Наврӯз" ва Баҳор" кор мекард, аммо ахиран бекор буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG