Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия ҳамоҳангии сиёсати хориҷиро хост


Кумиссюни Аврупо ба Туркия ҳушдор дод, ки бояд сиёсати хориҷии хешро бо Иттиҳоди Аврупо ҳамоҳанг кунад. Ин паём дар гузориши солонаи иттиҳод роҷеъ ба пешрафти Туркия дар роҳи узвият дар он мунташир шудааст. Эрод дар ҳоле гирифта мешавад, ки Туркия ба хости Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида тан надода, дар моҳи июн зидди таҳримҳои Созмони Милал дар баробари барномаи ҳастаии Эрон раъй дод. Гуфтушуниди узвияти Туркия дар Иттиҳоди Аврупо дар соли 2005 сар шуд, вале ба иллати масъалаи Қибрис ё Кипр ва ҳам мухолифати густарда ба вуруди як кишвари мусулмон ба ин иттиҳод бо суръати андак пеш меравад.
XS
SM
MD
LG