Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳиндустон 64 маҳбуси покистониро озод кард


Мақомоти Ҳиндустон 64 маҳбуси покистониро озод карданд. Намояндаи Вазорати умури дохилии Покистон, Мунир аҳмад гуфтааст, ин маҳбусонро, ки 55 нафарашон моҳигиронанд ва тасодуфан ба соҳилҳои Ҳиндустон шино кардаанд, пазируфтааст. Нӯҳ нафари дигар ба далели нақзи қонунҳои сафар ва иқомат дар Ҳинд боздошт шудаанд. Раҳоии маҳбусон баъд аз сафари серӯзаи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба Ҳинд ба вуқӯъ пайваст, ки ба беҳбуди равобити байни Ҳинду Покистон даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG