Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳудуди 4 ҳазор нафар бекор шуд


Дар соли ҷорӣ ширкату корхонаҳои вилояти Хатлон беш аз 3 ҳазору 700 корманди худро ихтисор кардаанд. Ин барои якумин бор аст, ки мақомоти расмии Хатлон рақами мушаххасе дар робита ба теъдоди кормандони аз кор хориҷшуда иттилоъ медиҳанд.

То ин замон ниҳодҳои расмии давлатӣ танҳо дар мавриди таъсиси ҷойҳои холии корӣ ва фарогирии шаҳрвандон бо кор хабар медоданд.

Ба гуфтаи Абдуғаффор Раҳмонов, муовини раиси вилояти Хатлон, аз он миён қариб 2400 нафар имсол аз ҷойи кори доимӣ, зиёда аз 800 нафар аз коргоҳи муваққатӣ ва 533 нафар аз кори мавсимӣ маҳрум гардидаанд. Ҷаноби Раҳмонов афзуд, бештар аз ҳама ширкату муассисаҳои соҳаи саноату кишоварзӣ, - беш аз якуним ҳазор нафар, - ва қариб ҳазор корманди соҳаи сохтмон бе ҷойи кор шудаанд.

"Равед, ҷоятонро ёбед!"

Миралӣ Содиқов, сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон низ аз зумраи кормандонест, ки аз коргоҳаш ба истилоҳ «ихтисор» шудааст. Ҷаноби Содиқов, ки собиқ корманди корхонаи саноатии «ТоҷикАзот», воқеъ дар шаҳри Сарбанд, мебошад, мегӯяд, раҳбарияти ширкати мазкур ӯ ва даҳҳо нафари дигарро бо баҳонаи бӯҳрони молиявӣ аз кор хориҷ карда, манзили зисти хизматиашро низ бозпас гирифтааст:

Миралӣ Содиқов яке аз коргарони ихтисоршуда аст ва акнун дунболи кори нав мегардад
«Мо дар заводи «ТоҷикАзот» будем, директории завод, ки иваз шуд, моро бо баҳонаи мушкилоти молиявӣ аз кор ронд, гуфт, ки «равед, ҷоятонро ёбед!». Вақте ки ро моро ҳатто аз хобгоҳ ронданд, ҳамсарам хавотир шуду бемор гардид ва аз по уфтод…»

Миралӣ Содиқов меафзояд, ҳатто кумитаи иттифоқи касаба натавонист ба мушкилаш расидагӣ кунад. Ҳоло вай дар қатори садҳо нафари дигари ихроҷшуда аз ҷойи кор, коргоҳи наве барои худ ҷустуҷӯ мекунад.

Рӯ ба кумакпулӣ барои бекорон

Ва аммо Нарзулло Барфиев, раиси ожонсии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Хатлон, мегӯяд, дар сурати муроҷиати расмии шаҳрвандони бекор, аз ҷумла Миралӣ Содиқов, ба онҳо мақоми расмии «бекор» дода шуда, онҳо то як муддат кӯмакпулӣ дарёфт хоҳанд кард:

«Ҳар як шаҳрванди бекоре, ки хоҳиши ҷойи кор пайдо кардан дошта бошад, ё бихоҳад, ки баъди аз як корхона хориҷ шуданаш дар коргоҳи дигаре кори музднок кунад, ё ягон кӯмакпулӣ аз тарафи давлат дарёфт кунад, метавонад ба мақомотҳои агентии мо муроҷиат кунад. Вай метавонад бо аризаи худаш дар қайди мақомоти мо бошад. Дар навбати худ, тибқи талаботи низомнома, мо ба ҳар як бекоре, ки ба мо муроҷиат мекунад, ҳам кӯмаки молиявӣ мерасонем, ҳам бо кортаъминкунӣ, ҳам ба касбомӯзӣ, ҳам ба корҳои муваққатии ҷамъиятӣ сафарбар мекунем».

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Раҳмонов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, мегӯяд, ба сабаби ин ки солҳои ахир бисёре аз ташкилоту муассисаҳо дар Хатлон хусусӣ шудаанд, ниҳоди зери раҳбариаш дар роҳи ҳифзи ҳуқуқ ва манофеъи кормандон наметавонад таъсир гузорад.

Нигарониҳои иттифоқҳои касаба

Ҷамшед Раҳмонов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, мегӯяд, мардум аз хизмати ин ниҳод кам истифода мекунанд
Ба гуфтаи ҷаноби Раҳмонов, ҳоло дар Хатлон иттифоқи касабаи 12 соҳа мавҷуд аст, аммо кормандон аз хизмати ин ниҳод кам истифода мекунанд. Вай дар шарҳи сабаби афзоиши мизони ихроҷу ихтисоршавии кормандони ширкату корхонаҳо дар Хатлон гуфт:

«Бизнес карда наметавонанд бисёр корхонаҳо. Маҳсулоташона бурда, фурӯхта наметавонанд. Маҳсулоташонро ба сабаби пастсифатиаш касе намехарад, рақобатпазир нестанд молу маҳсулоти тавлидотии корхонаҳои мо дар ҷумҳурӣ. Корхонаҳо, ширкатҳои тавлидотӣ, агар роҳбари хирадманду иқтисоддон дошта бошад, дар аксар ҳолат аз вазъият мебарояд ва ниёзе ба ихтисори кормандонаш намемонад».

Ҷамшед Раҳмонов афзуд, ҳоло мушкили иқтисодӣ дари бисёре аз корхонаву муассисоти Хатлонро кӯфтааст ва ҳамин тангдастии молӣ сабаби аз кор хориҷ шудани 6 корманди худи Шӯрои Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон ҳам шудааст.

Иттифоқи касабаи вилояти Хатлон ҳамчунин аз хориҷ шудани даҳҳо коррманди корхонаи фаръӣ-байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз» ҳам изҳори нигаронӣ мекунад. Маҳмуд Хоркашев, раиси корхонаи «Қӯрғонтеппагаз», мегӯяд: «қатъи интиқоли газ ба аҳолӣ, афзоиши қарзи истифода аз ин навъи сӯзишворӣ ва дар рӯ ба рӯйи муфлисшавӣ қарор гирифтани ин корхона, сабаби аслии ба мураххасии бемӯҳлат гусел кардани даҳҳо корманди мо мебошад».

Ҷустуҷӯи роҳи раҳоӣ аз бӯҳрони бекорӣ

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Сайрамбӣ Иннатуллоева, раиси Иттифоқи касабаи соҳаи коммуналии Хатлон, агар то як сол қабл дар «Қӯрғонтеппагаз» 174 нафар кор мекард, ҳоло теъдоди корманди ин ширкат ба 15-20 нафар мерасад.

Ва аммо мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои раҳоӣ аз бӯҳрони бекорӣ ҳастанд. Тибқи иттилоъи расмӣ, имсол беш аз 36 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Ба хотири фарогирии одамони бекор бо шуғли муносиб дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақа беш аз 200 дафъа ярмаркаҳои ҷойи кори холӣ созмон ёфтааст. Аммо танҳо ду ҳазор сокини Хатлон ҳозир шудаанд ҷойи кори пешниҳодшударо интихоб кунанд. Ҳарчанд дар ин ярмаркаҳо 32 ҳазор ҷойи холии корӣ пешниҳод шуда буд.

Маоши нокофӣ сабаби аслии худдории одамони ҳатто бекор аз қабули пешниҳоди чунин ярмаркаҳо будааст. Зеро бар асоси омори расмӣ, маоши миёнаи як корманд дар вилояти Хатлон дар соли гузаштаи 2009-ум баробар ба 137 сомонӣ, муодили чизе беш аз 31 доллари амрикоӣ, буда, масалан, ҳақмузди моҳонаи кормандони соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоби миёна поинтар аз 15 доллари амрикоӣ будааст.
XS
SM
MD
LG