Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боқиевро дар ғайбаш муҳокима мекунанд


Бахши қирғизии радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки ҳафтаи оянда мурофиаи раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев дар ғайби ӯ баргузор мешавад. Боқиев дар доман задани хушунатҳои қавмии моҳи апрели имсол айбдор мешавад. Ин нахустин мурофиаи додгоҳии президенти собиқ мешавад, ки баъди сарнагун шуданаш ташкил мешавад. Сухангӯи додгоҳи олии Қирғизистон Бахтибек Рисалиев дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ҷамъулҷамъ дар мурофиаи додгоҳӣ 28 нафар ҳозир мешаванд, ки барои додани амр ва ё оташ кушодан ба сӯи эътирозгарон рӯзи 7 апрел муттаҳам мешаванд. Дар маҷмӯъ дар ҳодисаҳои бархӯрди эътирозгарон ва полис он рӯз 87 нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд. Дар курсии айбдоршавандаҳо ҳамчунин мақомоти баландпояи вақти амниятии ин кишвар ҳузур хоҳанд дошт. Аз миёни айбдоршавандаҳо шаш нафар, аз ҷумла президенти собиқ Қурмонбек Боқиев ва бародараш Ҷаниш дар ғайбашон муҳокима хоҳанд шуд. Азимбек Бекназаров, муовини нахуствазири ин кишвар гуфт, ки барои нахустин бор дар таърихи мурофиаҳои додгоҳии Қирғизистон муҳокимаи айбдоршавандаҳо дар ғайбашон сурат мегирад. Бо сабаби зиёд будани шумори айбдоршавандаҳо қарор аст мурофиа дар қасри варзиш бо ҳузури ҳазор нафар баргузор шавад.
Ҳоло президенти барканоршуда дар зери чатри Александр Лукашенка дар Беларус панаҳ мебарад. Мақомоти имрӯзаи Қирғизистон Боқиевро дар сӯиистифода аз қудрат, ҷиноятҳои молӣ, аз ҷумла фасоду ришвахорӣ ва ғорати амволи давлатӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG