Пайвандҳои дастрасӣ

Даромади кишварҳо аз маблағҳои муҳоҷирон меафзояд


Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ менависад, алорағми паст шудани нишондодҳои рушди иқтисодӣ дар ҷаҳон ҳамоно муҳоҷирони корӣ маблағҳои ҳангуфтро ба кишварҳои худ равон мекунанд. Дар соли 2010 муҳоҷирон ба хонаҳои худ 325 миллиард долларро ирсол кардаанд, ки ин нишондод шаш дар сад бештар назар ба соли гузашта будааст. Панҷ кишваре, ки бештарин қисмати ин маблағҳоро дарёфт кардаанд, Чин, Ҳинд, Филиппин, Мексика ва Ҳинд ба шумор мераванд.
Дар ҳамин ҳол, даромади аслии хонаводаҳоро дар Тоҷикистон ҳам маблағҳои наздикони муҳоҷирашон ташкил медиҳанд. Ҳасан Алиев, мутахассиси Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар Тоҷикистон даромад аз ҳисоби пулҳои муҳоҷирон беш аз яку ним миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳасан Алиев афзуд, ки ин маблағҳоро хонаводаҳои муҳоҷирон асосан барои хароҷоти ҳамарӯзаи ғизову сару либоси худ сарф карда аз онҳо намешавад ба унвони сармоя ном бурд.
XS
SM
MD
LG