Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бегоҳи 9-уми ноябр ҳайати варзишии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, барои ширкат дар Бозиҳои XVI осиёӣ ба Чин сафар кард.

Дар ин бора ба радиои Озодӣ Маҳмуди Абдуллоҳ, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод.

Вай афзуд: “Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин аз 12-ум то 27-уми ноябр баргузор мешаванд. Гурӯҳҳои дигари варзишгарони тоҷик пеш аз рӯзҳои баргузории мусобиқот озими Чин хоҳанд шуд. Умуман, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 61 варзишгар шомиланд, ки дар 16 навъи варзиш ширкат хоҳанд кард (13 риштаи олимпӣ - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гуштии озод, дзю-до, камонварӣ, қаиқронӣ, таэквон-до WTF, теннис, тенниси рӯи миз, тирандозӣ ва шиноварӣ, 3 риштаи ғайриолимпӣ - каратэ, софтеннис ва ушу). Мо аз варзишгарони маъруфи кишвар, монанди Дилшод Назаров, дар риштаи гурзандозӣ, Расул Боқиев, дар навъи гуштии дзю-до, Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов ва Мавзуна Чориева, дар риштаи бокс, натоиҷи баландро чашмдор ҳастем”.

Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ шурӯъ аз соли 1994 ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XII осиёӣ дар шаҳри Хиросимаи Ҷопон ду медали биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ дар байни 42 кишвар дар ҷои 29-ум қарор гирифт.

Вале мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои XIII осиёӣ, ки соли 1998-ум дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир шуданд, бе медал баргашт ва дар байни 41 кишвар 34-ум шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2002-юм дар Бозиҳои XIV осиёӣ дар шаҳри Бусани Кореяи Ҷанубӣ аз ҳама бештар – 6 медал (2 нуқра ва 4 биринҷӣ) гирифта, дар байни 44 кишвар ҷои 28-умро соҳиб гашт.

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XV осиёӣ дар шаҳри Доҳаи Қатар 4 медал – 2 тилло ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Тоҷикистон миёни 45 кишвар мақоми 24-умро касб кард.
XS
SM
MD
LG