Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси монеаҳои техникии тиҷорат дар Тоҷикистон


Имрӯз, нӯҳуми ноябр, дар конфронс-зали Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории тозатаъсис ҷиҳати таъмини шаффофияти Қарордодҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат оид ба Монеъаҳои техникӣ дар тиҷорат (ТБТ) ва Чораҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ (СФС) баргузор мешавад

Таъсиси Гурӯҳи корӣ оид ба ТБТ ва СФС ва баргузории ҷаласаи нахустини он бо ибтикори Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) дар чаҳорчӯби Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» ва бо ҳамкории наздики Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои кишвар сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Шиам Кумар Гуҷадур, мушовири аршади МБТ дар масоили марбут ба меъёрҳо ва идораи сифат ва Дигбӣ Гаскойн, мушовири байнулмилалии МБТ оид ба СФС, ҳамроҳ бо ширкатдорони ҷаласа роҳҳои гирдоварӣ ва интишори иттилоот дар чаҳорчӯби Қарордодҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат оид ба ТБТ ва СФС-ро баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин нишаст ҳамчунин сохтор ва салоҳиятҳои Гурӯҳи корӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷаноб Шиам Кумар Гуҷадур, мушовири аршади МБТ дар масоили марбут ба меъёрҳо ва идораи сифат, мегӯяд: “Эҳсоси дарки масъулияти риояи Қарордодҳои Созмони ҷаҳонии тиҷорат оид ба ТБТ ва СФС ва огаҳӣ аз манфиатҳои роҳёбӣ ба бозорҳои берунаро бояд боло бурд. Арзёбии тақсими нақш ва масъулияти ниҳодҳои гуногуни давлатиро, ки дар самти СФС фаъолият мебаранд, бояд анҷом дод.»

Намояндагони вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ҷаласаи мазкур иштирок хоҳанд кард.

Дар ҷараёни сафари худ коршиносони МБТ бо мақомоти расмии вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалии мустақар дар кишвар мулоқот карда, аз Пойгоҳи назорати беҳдоштии ноҳияи Турсунзода низ дидан хоҳанд кард.

Дар чаҳорчӯби Барномаи МБТ иқдомоти зерин низ ба назар гирифта шудааст: Таҳрики пажӯҳише ҷиҳати таҳлилӣ, аз ҷумла, роҳҳои тақсими мантиқии масъулиятҳои ниҳодҳои гуногуни фаъол дар соҳаи СФС ба хотири коҳиши такрорёбии фаъолиятҳо ва боло бурдани муассирияти барномаҳои СФС ва ҳамчунин ироаи ёрии фаннӣ ва омӯзишӣ ба Марказҳои иттилоотӣ оид ба ТБТ ва СФС.

Ҳадафи умумии Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад. Ин тарҳ аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария тавассути Идораи давлатии он кишвар дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG