Пайвандҳои дастрасӣ

Аксари афғонҳо тарафдори музокирот бо Толибон


Бар тибқи натиҷаҳои як назарсанҷӣ, аксар сокинони Афғонистон гуфтаанд, ки аз талошҳои ҳукумат барои музокира бо Толибон пуштибонӣ мекунанд. Бунёди назархоҳии Осиё гузоришеро нашр кард, ки мегӯяд, имсол 83 дар сади сокинони калонсоли Афғонистон аз талошҳо барои баргузории музокираҳо бо гурӯҳҳои мусаллаҳу зиддиҳукуматӣ пуштибонӣ кардаанд. Соли гузашта шумори тарафдорони музокираҳо дар Афғонистон 71 фоиз будааст. Аз нигоҳи 37 дар сади сокинон ноамнӣ масъалаи асосии Афғонистон буда баъдан бекориву фасод аз мушкилоти дигари домангири ин кишвар ном бурда мешаванд. Пурсиши мазкур бо мусоидати оҷонсии амрикоӣ оид ба рушди байналмилалӣ доир шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG