Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯи боздиди сарвазири Бритониё аз Чин


Нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерон бо ҳамтои чиноиаш Вен Ҷиабао имрӯз дар Пекин пеш аз маросими имзои созишномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо арзиши 2,7 миллиард доллар дидору мулоқот кард. Кемерон мехоҳад тавассути тавсеаи ҳамкориҳо бо дуюмин бузургтарин иқтисоди ҷаҳон ба ҳалли масоили бекориву барқарории иқтисоди Бритониё мусоидат кунад. Ҷорҷ Осборн, вазири молияи Бритониё зимни мулоқот бо муовини нахуствазири Чин Ванг Қишан гуфт, умедвориҳои онҳо аз ин сафар хеле зиёд аст:

“Бритониёи Кабир аз сармоягузорони калонтарини Иттиҳодияи Аврупо дар Чин ва яке аз маҳалҳои бузургтарини сармоягузории Чин дар Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад. Он як хиёбони дусамтаро мемонад. Аз ин рӯ, ба андешаи ман, барои рушди иқтисодиву тақвияти равобити тиҷоратии кишварҳои мо заминаҳои хеле васеъ вуҷуд дорад”.

Нахуствазири Бритониё ҳамроҳ бо худ ба ин сафар тақрибан 50 раҳбари ширкатҳои тиҷоратиро бурдааст. Кемерон гуфтааст, ки ният дорад мизони тиҷоратро дар миёни ин кишварҳо ду баробар афзуда, то соли 2015 ин нишондодро ба беш аз 100 миллиард доллар бирасонад.
XS
SM
MD
LG