Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯи боздиди Обама аз Индонезӣ


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама вориди Индонезӣ шуд. Интизор меравад, ки ӯ зимни боздидаш аз серҷамъияттарин кишвари мусалмонӣ ба хотири ҳамоиши беҳтар бо ҷаҳони Ислом истифода кунад. Ҷакарта яке аз нуқтаҳои сафари даҳрӯзаи Обама ба кишварҳои осиёӣ маҳсуб мешавад ва қарор аст дар ҷараёни он инчунин масъалаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии миёни Амрико ва Индонезӣ баррасӣ шавад. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки эҳтимолан бо сабаби гардолуд будани ҳавои ин кишвар, ки аз инфиҷори ахири вулқони кӯҳии Мерапӣ сар задааст, сафари якрӯзаи Обама кӯтоҳтар шавад. То имрӯз бар асари ин фоҷеа сад нафар ҷон дода ҳазорҳо сокини Индонезӣ бехонаву ҷо шудаанд. Боздиди Обама аз Ҷакарта ҳамчун бозгашт ба ватан ҳам арзёбӣ мешавад, чунки чаҳор соли бачагии президенти Амрико маҳз дар ҳамин шаҳр гузаштааст.
XS
SM
MD
LG