Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мутаваққифшавии ҷаласаи парлумони Қирғизистон


Ҷаласаи аввалини парлумони нави Қирғизистон имрӯз ҳам баргузор нашуд. Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, ки президент Роза Отунбоева дирӯз гуфта буд, ки парлумон бояд рӯзи сешанбе ба кори худ шурӯъ кунад. Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон гуфт, ки мӯҳлати боздошта шудани марҳилаи шурӯи ҷаласаи аввали парлумон мушаххас нест. Баъди интихоботи рӯзи 10 октябр панҷ ҳизби сиёсӣ тавонистанд бо убури марзи панҷдарсадаи зарурӣ ба парлумон роҳ ёбанд. Вале то ҳанӯз даъвову шикоятҳои зиёди ҳизбҳои сиёсӣ аз натиҷаҳои интихобот идома дорад ва комиссиюни интихоботӣ гуфтааст, то замони хотимаёбии ин баҳсҳо парлумон ба кори худ шурӯъ нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG