Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдорӣ 300 манзилро аз рӯи Генплан хароб мекунад


Шаҳрдорӣ ният дорад наздики 300 манзили истиқоматиро дар ҳудуди шаҳри Душанбе хароб кунад. Ин иқдом дар чаҳорчӯби нақшаи генералии шаҳр бо ҳадафи навсозии аспрез ё ипподроми пойтахт ва бунёди мавзеи нави Наврӯзгоҳ амалӣ мешавад. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба Азия-Плюс гуфтааст, ки бар тибқи ин нақша қарор аст 231 манзил дар хиёбони Таҳмос ва 50 манзил дар кӯчаи Ҳисорак ва Панҷрӯд ба хотири идомаи сохтмони донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бунёди мактаб-гимназияи бачагони болаёқат хароб шавад. Шаҳрдорӣ замонати таъмини ин мардум бо манзилҳо ва ё пардохти қимати онҳо “мутобиқ ба нархҳои бозор”-ро кафолат медиҳад, гуфтааст оқои Саидов ба Азия-Плюс.
XS
SM
MD
LG