Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вазорати омӯзишу парвариши кишвар як гурӯҳи корӣ бо шумули Абудҷаббор Раҳмонов, вазири маориф саргарми таҳрир ва такмили тарҳи лоиҳаи «Қонуни масъулияти волидайн» мебошанд. Ин тарҳи қонун ахирнан аз сӯи ҳукумат барои такмил ба вазорати маориф баргардонида шуд.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз такмили тарҳи мазкур он аст, ки бояд масъулият ва вазифаҳои волидону шахсони дигари масъул дар тарбияи кӯдакон мушаххастар ва наҳваи иҷрои қонун низ дақиқ карда шавад.

Тарҳи нав волидайнро расман масъул мекунад

Дар баробари ин гуфта мешавад, дар пешнависи лоиҳа мактаб - парваришгоҳҳо низ аз мадди назар дур мондаанд, дар ҳоле, ки бояд нисбати волидоне ҳам, ки фарзандони худро ба ин муассиcаҳо супурдаву дигар масъулиятро дар таълиму тарбияи онҳо эҳсос намекунанд, низ ҷазои маъмурӣ пешбинӣ гардад.

Зимнан, таҳлилҳои ахири бунёди атфоли Созмони милали Муттаҳид ва Комиссияи милии дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон мушаххас кардааст, ки наздик ба даҳ ҳазор кӯдаки тоҷик дар мактаб - парваришгоҳҳо ба сар мебаранд. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки 80 дарсади онҳо соҳиби падару модар ва ё яке аз онҳоянд. Вале бо иллати камбизоатии хонаводаҳо онҳо чун ятим тарбия меёбанд.

Тарҳи зерин, ки бевосита бо супориши президенти кишвар таҳияи мешавад, волидайнро дар таълиму тарбияи фарзандонашон расман масъул мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон мӯътақиданд, ки бо қабул шудани ин қонун, вазъи таълиму тарбияи кӯдакон беҳтар хоҳад шуд. Дилором Мирсаидова, муовини раиси камиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, маҳз аз беназоратии волидайн ҳоло кӯдакону наврасони зиёд, ба сафи бачагони кӯча пайвастаанд.

Нақши кӣ бештар аст: мактаб ё хонавода?

Аммо дар ин миён бархе аз волидайн, дар поин рафтани таълиму тарбияи кӯдаконашон маорифу мактаб ва муаллимонро айбдор мекунанд. Онҳо мегӯянд, шароити феълии иҷтимоиву иқтисодии онҳоро водор ба он мекунад, ки соатҳои зиёди худро маҳз барои беҳбудии вазъи хонаводаҳояшон бахшанд ва танҳо 2 ва ё 3 соат дар як рӯз имкони машғул шудан бо фарзандонашонро доранд. Ба иддаои онҳо, кӯдакон вақти бештари худро дар мактаб мегузаронанд, аммо омӯзгорон масъулити худро ба таври зарурӣ эҳсос намекунанд.

Ин мусоҳиби мо пешниҳод дорад, ки дар баробари волидайн, қонуни масъулиятти муаллим низ бояд қабул шавад.

Аммо Нуриниссо Акрамова, омӯзгори мактаби рақами 1-и пойтахт бар ин аст, ки феълан танҳо теъдоди ками волидайн барои таълиму тарбияи фарзандашон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва аксарият бо баҳонаи вазъи нохуби иқтисодӣ ва машғулиятҳои корӣ, тамоми масъулиятро ба дӯши муаллимон вогузор мекунад.

Хонум Нуриниссо мисол меорад, ки ба ҳангоми гузаронидани маҷлиси падару модарон беш аз нисфи волидайн дар онҳо ширкат намекунанд ва ҳатто аз ҳузури фарзандашон дар дарсҳо пурсон намешаванд.

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки Мунира Иноятова таҳлилгари масоили маориф пеш омадани ин ҳама мушкилро дар поин рафтани синни никоҳ дар Тоҷикистон медонад. Ба андешаи хонум Иноятова, ҷавонон дар ҳоле издивоҷ мекунанд, ки худ ҳанӯз ба тарбия ниёз доранд ва бемасъулиятии онҳо дар нисбати тарбияи фарзанд низ аз ҳамин ҷо манша мегирад.

Хонум Мунира меафзояд, беҳтар аст, агар дар қонуни нав бештар на ба ҷазо балки ба боло бурдани маърифати педагогии волидон такя карда шавад.

Аммо бо ин ҳама, масъулини вазорати маориф мегӯянд, баъд аз ду ҳафта, мӯҳтавои тарҳи ин санадро барои баррасии омма дар васоити ахбори умум мунташир хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG