Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти Обама аз узвияти Ҳинд дар Шӯрои Амнияти СММ


Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама дар ҷараёни сафараш ба Ҳиндустон гуфт, аз узвияти ояндаи ин кишвар дар Шӯрои Амнияти СММ пуштибонӣ хоҳад кард. Аммо изофа кард, ки Деҳлӣ бояд бо истифода аз ҳамаи василаҳои мумкин, муносибатҳои худро бо ҳамсояаш Покистон беҳтар кунад.

Паёми ӯ дар бораи ҳимояти Амрико аз узвияти Ҳинд дар Шӯрои амният кафкӯбиҳои бардавоми вакилони порлумони Ҳиндустонро ба вуҷуд овард.

Амрико аз узвияти Ҳинд дар Шӯрои Амният ҳимоят мекунад

Обама гуфт: "Дар низоми одилона ва пойдори байнулмилалӣ, ки Амрико мехоҳад, Созмони Милал як ниҳоди коро, босамар, боварбахш ва қонунист. Бино бар ин ман имрӯз метавонам, бигӯям, ки дар солҳои оянда аз узвияти доимии Ҳиндустон дар Шӯрои ислоҳшудаи амнияти Созмони Милал истиқбол хоҳам кард."

Дар нишасти хабарии муштарак бо сарвазири Ҳинд Манмоҳан Сингҳ, Обама гуфт муносибатҳои миёни Иёлоти Муттаҳида ва Ҳиндустон коршарикие хоҳад буд, ки ояндаи қарни 21-ро муайян хоҳад кард.

Вай ин равобитро ғайримуқаррарӣ номид ва афзуд, ду кишвари бузург ва сернуфуси демократӣ, ҷомеаи сермиллат ва анъанаҳои қавии чандандешӣ ва таҳаммулпазирӣ доранд. Обама гуфт, ҳамкории ду кишвар на танҳо як имконият, балки як масъулияти раҳбарист.

Обама аз ин сафари хеш хеле розӣ ба назар мерасид ва дар пойтахти молиявии Ҳиндустон Мумбай, созишномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расонд, ки 10 миллиард доллар арзиш дорад.

Аммо наметавон гуфт, ҳамаи ҷанбаҳои сафари давлатии Раисиҷумҳури Амрико ба Ҳиндустон барояш осону хушоянд буд. Вақте, ки ӯ аз маҳалли ҳамлаҳои террористии соли 2008 дар Мумбай дидан кард, ин ҳамларо, ки бар асари он 166 нафар ба ҳалокат расид, бори дигар маҳкум намуд. Аммо матбуоти Ҳинд аз ӯ интиқод кард, ки бо сабаби коршарикии наздик бо Покистон аз нақши он дар рӯйдодҳои хунини Мумбай ёдовар нашуд.

Шояд ба ҳамин сабаб, дар паёмаш дар порлумони Ҳинд, Обама гуфт фишорро ба сарони Покистон дар робита ба паноҳгоҳи террористон дар марзҳои ин кишвар идома хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, сарвазири Ҳиндустон Сингҳ дар нишасти хабарӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида наметавонад на дар масъалаи Кашмир ва на дар масъалаи дигари муносибатҳои Ҳинду Покистон ақидаи хешро таҳмил кунад.

Амрико ва Ҳинду Покистон

Ҷеймс Ламонт, мудири дафтари "Файнаншл Таймс" дар Осиёи Ҷанубӣ мегӯяд, дар масъалаи Ҳинду Покистон, Обама бояд ба вазни ҳар калимаи худ диққат диҳад, то Исломободро аз худ наранҷонад:

"Ман фикр мекунам, ҷаноби Обама бояд дар ҳар калимаи баёнияҳои расмии худ аз эҳтиёт кор бигирад ва инро дарк кунад, ки вай наметавонад, дар ин ҷо касеро ба осонӣ аз хеш қонеъ кунад, аммо дар иваз метавонад, ба вазъи ногувор афтад. Вай дарвоқеъ хеле эҳтиёткор аст. Вале ман шубҳае надорам, ки вай дар паси дарҳои баста ин масъалаҳоро дар миён гузоштааст. Нигарониҳои Ҳиндустон аз террор дар минтақа ва осебпазирияш дар баробари ҳамлаи ситезаҷӯён аз Покистон ва дар айни замон роҳҳои беҳбуди муколама байни Ҳиндустон ва Покистон."

Ба фарқ аз Обама, сарвазири Ҳинд, Манмоҳан Сингҳ дар баёнияҳои худ хеле озод буд ва гуфт то замоне, ки мошини террор дар Покистон гардон аст, Деҳлӣ вориди ҳеҷ гуна гуфтугӯ бо Исломобод нахоҳад шуд.

Дар чунин як нуқта сафари Обама ба Ҳиндустон ба поён расид. Аммо силсилаи диду боздидҳои ӯ акнун дар Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG