Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Британия хостори густариши тиҷорат бо Чин шуд


Сарвазири Британия, Дейвид Камерон бо як сафари дурӯза вориди Чин шуд ва ҳадаф дорад, бо сарвазири ин кишвар Вен Ҷябао роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодии Чину Британияро баррасӣ кунад. Вай дар ҳоле ки бо худ 50 соҳибкори дараҷаи аввали кишварашро овардааст, мегӯяд, дар ин сафар "рисолати ҳаётан муҳими тиҷоратӣ"-ро дунбол мекунад. Сарвазири Британия афзуд, ҳадаф дорад табодули мол байни ду кишварро то соли 2015 ба 100 миллиард доллар расонад.
XS
SM
MD
LG