Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худдории Ҷабҳаи исломии Урдун аз ширкат дар интихобот


Имрӯз дар Урдун интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Наздик ба 2,5 миллин нафар дар кишвар ҳаққи раъй доранд ва қарор аст, аз 763 номзад, ба ҷумлаи 134 зан соҳибони 120 курсии палатаи поёнии порлумонро интихоб кунанд. 12 курсӣ дар ин порлумон барои занон, 9 курсӣ барои насрониён ва се курсӣ барои черкесҳо захира шудаанд. Ҷабҳаи амали исломӣ бо эътироз аз қонуни интихобот, ки мегӯяд, нуфузи онро коҳиш медиҳад, раъйдиҳии имрӯзаро бойкот кардааст.
XS
SM
MD
LG