Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдории Маскав талаби тазоҳуротро рад кард


Шаҳрдории Маскав дархости баргузории тазоҳуроти "Рӯзи хашм" дар Маскавро, ки ҷунбиши "Ҷабҳаи чап" ба миён гузоштааст, рад кард. Ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ мехостанд, онро дар рӯзи ҷумъаи 12-уми ноябр баргузор кунанд. Аммо шаҳрдорӣ гуфтааст, бо сабаби осеби эҳтимолӣ ба ёдгории Юрий Долгорукий ин дархостро тасвиб накард. Намояндагони "Ҷабҳаи чап" мегӯянд, тазоҳуротро бо шиори дифоъ аз журналисти латукӯбшуда Олег Кашин ва фаъоли зистмуҳитӣ Константин Фетисов баргузор кардан мехостанд.
XS
SM
MD
LG