Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаласаи Кумиссюни байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия


Дар Маскав ҷаласаи Кумиссюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Русия ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар он вазъи феълии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ, ҳамкориҳои инвеститсионӣ ва илмию фаннии ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст, ноиби аввали сарвазир, Асадуллоҳ Ғуломов ва ҳайати Русияро вазири энержии ин кишвар, Сергей Шматко раҳбарӣ хоҳанд кард. Ҷаласаи кумиссюни байнидавлатӣ дар ҳоле ҷараён мегирад, ки робитаҳои Тоҷикистон ва Русия чанд моҳи охир дар ҳоли рукуд қарор доранд. Вале хабаргузории ИТАР-ТАСС менависад, қарор аст, тарафҳо барномаи ҳамкориҳои ду кишвар дар солҳои 2011-2014-ро таҳия кунанд.
XS
SM
MD
LG