Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти як шаҳрванд ба додгоҳ аз "Ҳақиқати Суғд"


Сокини шастсолаи шаҳри Хуҷанд нашрияи ҳукуматии “Ҳақиқати Суғд”-ро бо иттиҳоми паст задани шаъни ӯ ва хонаводааш ба додгоҳ кашид. Сулаймонхон Мадалиев мегӯяд, ин нашрия бо чопи матлабе шаъну эътибори ӯ ва хонаводаашро паст задааст. “Ҳақиқати Суғд” дар як матлаб Мадалиев ва хонаводаашро «худобехабар», «носер» ва «қаллоб» номидааст. Баррасии шикояти ин сокини шаҳри Хуҷанд аз болои нашрияи “Ҳақиқати Суғд” дар додгоҳ дар нимаи дуввуми моҳи ноябр шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG