Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тарҳи бунёди масҷиди арктикӣ ба таъхир афтод


Нақшаи бунёди масҷид дар шаҳри Тромсои Норвегия бо сабаби рад шудани сармоягузории Арабистони Саудӣ ба таъвиқ афтод. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Норвегия, Регнҳилд Имсерлунд гуфт, тавсиби сармоягузории кишваре, ки дар он озодии дин вуҷуд надорад, як кори тазодомез ва ғайритабиӣ хоҳад буд. Як бахши сармояи бунёди аввалин масҷид дар фаросӯи хатти арктикӣ мебоист аз тарафи соҳибкори саудӣ Ҳамад Ал- Ғамас таъмин мешуд, аммо ӯ шарт гузошт, ки ҳукумати Норвегия иҷозаи расмӣ диҳанд ва посухи рад гирифт.
XS
SM
MD
LG