Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО: Эҳтиёҷ ба 900 омӯзгори ҳарбӣ дар Афғонистон


Фармондеҳи бахши таълимии НАТО дар Афғонистон, генерали Иёлоти Муттаҳида Вилям Колдуел гуфт, НАТО барои омода кардани ҳарбиён ва полиси Афғонистон, ки амнияти кишварро то соли 2014 бар дӯши хеш бигиранд, ба 900 омӯзгори дигари ҳарбӣ ниёз дорад. Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай гуфтааст, мехоҳад, то он замон афғонҳо бахши умдаи вазифаҳои таъмини амниятро бар дӯш бигиранд, вале Колдуел мегӯяд, бе афзоиши шумораи омӯзгорон, ки ҳоло ҳамагӣ 1800 нафаранд, ин тарҳ ғайриқобили иҷро мебошад.
XS
SM
MD
LG