Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз номзадии Ҳинд ба Шӯрои Амният ҳимоят кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз аз азми Ҳинд барои касби курсии узви доимии Шӯрои Амнияти СММ пуштибонӣ кард. Обама дар паёмаш ба парлумони Ҳинд гуфт: “Низоми боадл ва собити байналмилалие, ки Амрико дунбол дорад, Созмони Милали муассиру мӯътамад ва машрӯъро дар бар мегирад. Ва аз ин рӯ, ман имрӯз аз чанд соли пеш метавонам бигӯям, ки ман ба сӯи Шӯрои амнияти ислоҳотдидаи СММ нигоҳ мекунам, ки Ҳиндро чун узви доимӣ фаро мегирад. “
Мушовирони ӯ таъйид карданд, ки изҳороти Обама аз азми Ҳинд барои касби курсии узви доимии Шӯрои Амният пуштибонӣ карда, вале ба ин нукта ҳам ишора мекунад, ки ин раванд фурсати бештареро тақозо мекунад.
Сафари серӯзаи Барак Обама ба Ҳинд имрӯз поён меёбад.
XS
SM
MD
LG