Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти раҳбарони сиёсии Ироқ дар Арбил


Рӯзи душанбе гурӯҳҳои сиёсии Ироқ бори дигар сари музокирот нишастанд, то бӯҳрони ҳаштмоҳаи ҳукуматӣ дар ин кишварро ҳал намоянд. Раҳбарони ҳизбҳои сиёсии курд, шиа ва суннимазҳабҳои Ироқ дар шаҳри Арбил ҷамъ омада баъди баҳси якунимсоата мувофиқат карданд, ки рӯзи сешанбе музокиротро давом диҳанд.

Тибқи гузоришҳои расида, созиши тақсими қудрат тақрибан омода аст ва бар пояи он, Нурӣ ал-Моликӣ маснади сарвазирии Ироқро ҳифз намуда, ҳизбҳои шиамазҳаб асоси ҳукуматро ташкил хоҳанд дод.

Дар пайи бурунрафт аз бӯҳрони ҳаштмоҳа

Вале эътилофи Ироқия, ки ҳизбҳои мусулмонони суннӣ ҳам шомили он ҳастанд, то кунун дар мавриди пазироии ин созиш чизе нагуфтааст.

Эътилофи Ироқия зери раҳбарии собиқ сарвазири ин кишвар Иёд Алловӣ қарор дошта, дар интихоботи парламентии моҳи март ҷои аввалро ишғол намудааст.

Шореҳон мегӯянд, аз эҳтимол дур аст, ки бидуни ширкати Алловӣ ҳукумати ояндаи Ироқ ба хатми ҷанги ҳафтсолаи мазҳабӣ муваффақ гардад.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, аз ҳукумат барканор мондани Ироқия, ғазаби сунниҳоро барангехта, ошӯбҳои исломиёни суннимазҳабро авҷ медиҳад. Дар ҷараёни зиёрат аз Австралия, рӯзи душанбе котиби давлатии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон гуфт, гурӯҳҳои рақиби ироқӣ бояд як барномаи фарогири тақсими қудратро тартиб диҳанд.

Дар айни замон Клинтон ёдовар шуд, ки дар тӯли чанд моҳи гузашта ҷонибҳои ироқӣ борҳо ба созиш наздик шуданд, вале қабл аз имзои санади ниҳоӣ яке аз гурӯҳҳо худро канор мекашид.

Моликӣ ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил мекунад

Феълан Моликӣ бо гурӯҳҳои асосии шиамазҳаб, ақаллияти курд ва баъзе ҳизбҳои хурди суннӣ паймоне ҳосил кардааст. Ҳамчунон бархе аз вакилони эътилофи Ироқия гуфтаанд, ки дар овоздиҳӣ аз ташкили ҳукумати зери раҳбарии Моликӣ дастгирӣ хоҳанд кард. Яке аз ин гуна вакилони Ироқия ба хабаргузории Рейтерс изҳор намудааст, ки аз 91 вакили мардумии эътилофи Ироқия, ҳадди ақалл 30 нафар ба ташкили ҳукумати зери раҳбарии Моликӣ овоз хоҳанд дод.

Вале шояд барои ташкили ҳукумат дастгирии Алловӣ ва дигар аъзои баландпояи эътилофи Ироқия зарур бошад.

Алловӣ дар сӯҳбат бо рӯзномаи британиявии Гардиан гуфтааст, ки ба фикри ӯ ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ бо ширкати Моликиву дигар рақибонаш коршоям нахоҳад буд.

Дар ҳар сурат, агар ҷонибҳо имконе пайдо намуда, созишро имзо кунанд, Моликӣ дар курсии сарвазири боқӣ монда, президенти курдтабори Ироқ Ҷалол Толибонӣ дар мансабаш боқӣ мемонад. Эътилофи Ироқия бошад, бар иловаи курсии раиси Маҷлиси Миллӣ, вазоратҳои иқтисод, мудофиа ва умури хориҷиро дар ихтиёр хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG