Пайвандҳои дастрасӣ

Як мардикори тоҷик дар Пушкин кушта шуд


Хабаргузориҳои русии “Регнум” ва “Курйер” мегӯянд, як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон шаби шанбе ба якшанбе дар сохтмоне дар ноҳияи Пушкин, дар ҳошияи Санкт-Петербург бо зарби мушту лагат ва арматура кушта шудааст. Мақомоти тафтишотӣ билофосила 2 сокини шаҳри Петербург ва як сокини вилояти Кировро бо гумони даст доштан дар қатли ин коргари тоҷик дастгир кардаанд. Ин се нафар, ки ғайрасмӣ дар ҳамин сохтмон кор мекардаанд, соати 22 шаби шанбе мардикори тоҷикро кушта, баъди берун бурдани ҷасад вагонеро, ки ӯ ба сар мебурд, оташ мезананд. Дар иртикоби ин ҷиноят бо иттиҳоми “куштор” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
XS
SM
MD
LG