Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи саркушодаи хабарнигорони рус ба Д.Медведев


Хабарнигорони рус дар пайи латукӯби хабарнигори рӯзномаи “Коммерсант”-и чопи Маскав Олег Кашин фишорро ба раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев афзоиш медиҳанд. “Коммерсант” имрӯз номаи саркушодаеро нашр кард, ки ҳифозати хубтари матбуотро талаб мекунад.Олег Кашин аз рӯзи шанбе дар ҳоли мадҳушӣ қарор дорад.
Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, ин парванда дар сатҳи болотар таҳқиқ мешавад: “Таҳқиқи парвандаи ҳамла ба хабарнигори “Коммерсант” Олег Кашин идома дорад. Имрӯз қарор шуд, то ин парванда аз бахши тафтишоти ҳавзаи марказии пойтахт ба раёсати тафтишоти шаҳри Маскав супурда шавад.”
Дар номаи саркушода гуфта мешавад, ки танҳо дар соли ҷорӣ дар Русия 8 хабарнигор кушта шудаанд.
Имрӯз хабар расид, ки Анатолий Адамчук, хабарнигори нашрияи “Жуковские вести” дар ҷануби Маскав низ бар асари латукӯб аз ноҳияи сараш чандин ҷароҳат бардоштааст.
XS
SM
MD
LG