Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як теъдод донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳи Ал-Азҳари ҷумҳурии Мисри Араб таҳсил мекарданд ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ба гузориши хабаргузориҳо, ҳавопаймоҳои Тоҷикистон, ки зоирони тоҷикро ба кишвари Арабистони Саудӣ интиқол дода буданд, дар бозгашт ин донишҷӯёро ба ватан овардаанд.

Ҳавопаймои ҳомили донишҷӯёни тоҷик субҳи имрӯз дар фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе фуруд омада ва гуфта мешавад беш аз 100 нафар дар матни худ доштааст.

Ҳоло маълум нест, ки наҳваи бозгашти ин донишҷуёни чӣ гуна будааст ва онҳо ихтиёрӣ ба ватан бозгаштаанд ва ё иҷборӣ чунин тасмиме гирифтаанд.

Қаблан масъулини Кумитаи дин гуфта буданд, ки дар бораи дар мадориси хориҷӣ таҳсил кардани 1432 толибилми тоҷик маълумот ҷамъоварӣ шудааст.

Раиси ҷумҳур низ хостори бозгашти муҳассилин шуда буд

Иқдоми бозпас хондани навҷавонҳои тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои исломӣ дар охири моҳи август ва дар пайи суханронии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шуд.

Вай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бештари онҳое, ки дар хориҷ аз кишвар дар мадрасаҳои динии исломӣ таълим мегиранд, ба гурӯҳҳои тундраву ҳатто террористӣ мегароянд.

Оқои Раҳмон ба дунбол аз волидайни чунин толибилмон даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси хориҷӣ бозпас бихонанд.

Аммо ҳам раиси ҷумҳур ва ҳам масъулони Кумитаи дин дар ин маврид аз кадом як кишвари хосе ном намебаранд.

Ахиран дар як филми мустанад бо номи "Масири гумроҳон", ки ҳама шабакаҳои телевизонии кишвар намоиш доданд, гуфта шуд, ки чанд тан аз ҷавонҳои тоҷик дар мадрасае дар Вазиристони Покистон таълимоти террористӣ мегиранд.

Мақомот бо ишора ба собиқаи бархӯрди мардум бо ҷараёнҳое, чун салафия мегӯянд, аз он тоифа донишҷӯёне дар ҳаросанд, ки дар хориҷ таълимоти ғайриҳанафӣ гирифта, метавонанд фитнаҳои наверо дар кишвар ба по кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG