Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди тунди нозирон аз интихоботи Озарбойҷон


Нозирони байналмилалӣ имрӯз гуфтанд, ки Озарбойҷон ба ягон пешрафти воқеъии демократӣ даст наёфта, интихоботи дирӯзаи парлумониаш ҳамроҳ бо тақаллуб гузаштааст. Нозирони САҲА ва Шӯрои Аврупо дар бораи “майдони нобаробари бозӣ”, озодиҳои маҳдуди матбуот ва гирдиҳамоӣ ва мавридҳои дасткорӣ дар ин раъйдиҳӣ гузориш додаанд.
Бо ин ҳол, Куммисиюни марказии интихоботи Озарбойҷон мегӯяд, бар асоси шумориши тақрибан ҳамаи оро, ҳизби ҳокими Йенӣ Озарбойҷони раисиҷумҳур Илҳом Алиев бо касби беш аз 70 курсӣ аз 125 курсии маҷлис аксариятро дар парлумони оянда соҳиб мешавад. Рақиби аслии ҳизби ҳоким – эътилофи Ҷабҳаи мардумӣ ва ҳизби Мусовот дар парлумони ҷадид ҳатто як курсӣ ҳам ба даст наовардааст. Мухолифин интихоботи рӯзи якшанберо пур аз тақаллуб номида, маҳкум кардаанд.
XS
SM
MD
LG