Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Арбил бидуни кадом тавофуқ анҷом ёфт


Раҳбарони эътилофҳои умдаи Ироқ имрӯз ба хотири рафъи бӯҳрони ҳаштмоҳаи сиёсӣ ва ташкили ҳукумати ҷадид дар шаҳри Арбили Курдистон гирди ҳам омаданд, вале ин нахустин нишасти рӯбарӯи раҳбарони курдҳову шиъаҳо ва сунниҳои ироқӣ дар пайи интихоботи парлумонии моҳи март бидуни кадом тавофуқ анҷом ёфтааст. ва тақсими қудрат ташкили як ҷаласаи рӯбарӯ мекунанд. Дар нишасти Арбил сарвазири кунунӣ Нурӣ Моликӣ ва рақиби асосиаш сарвазири собиқ Иёд Аллавӣ ҳузур доштаанд. Дар пайи ҷаласаи субҳи имрӯз, ки 90 дақиқа тӯл кашид, раҳбарони ироқӣ эълон карданд, ки фардо дар Бағдод дубора ҷамъ хоҳанд шуд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон қабл аз нишасти Арбил раҳбарони ироқиро ба тақсими қудрат ва ташкили як ҳукумати фарогир дар Ироқ даъват карда буд. Қаблан эълон шуда буд, ки бар асоси тавофуқи байни аҳзоб, Моликӣ дар мақоми сарвазир ва Ҷалоли Талабонӣ дар курсии раисиҷумҳури Ироқ боқӣ монда, раёсати парлумон ба намояндаи эътилофи Ироқияи Алавӣ дода мешавад.
XS
SM
MD
LG