Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Амрико аз интихоботи Мянмар


Сафири Амрико дар СММ гуфт, интихоботи дирӯза дар Мянмар озод ё одилона набуд. Сюзан Райс дар баёнияе гуфт, “ин интихобот на озод асту на одилона, на қобили эътимоду ва на машрӯъ.” Хонум Райс гуфт, режими низомии Мянмар беш аз 2100 маҳбуси сиёсӣ, бо шумули Аунг Сан Су Ҷиро аз имкони ширкат дар ин маърака маҳрум кард. Ҳизби ин барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел интихоботи соли 1990-ро бурд, вале генералҳои ҳокими Мянмар натоиҷи он интихоботро напазируфтанд.
Сан Су Ҷӣ бахши аъзами аз 20 соли гузашта аз он раъйгириро таҳти боздошт ба сар бурда, интихоботи дирӯзаро бойкот кардааст.
XS
SM
MD
LG