Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҳизби ҳоким дар интихоботи Озарбойҷон


Куммисиюни марказии интихоботи Озарбойҷон мегӯяд, бар асоси шумориши тақрибан ҳамаи оро, ҳизби ҳокими Йенӣ Озарбойҷони раисиҷумҳур Илҳом Алиев дар интихоботи рӯзи якшанбе аксарияти кулли курсиҳои парлумони ояндаро ба даст овардааст. Бар асоси шумориши 90 дарсади оро, ҳизби Алиев беш аз 70 курсӣ аз 125 курсии маҷлиси ояндаро соҳиб мешавад.
Мухолифин аммо мегӯянд, ки интихобот ҳамроҳ бо тақаллуби фаровон гузашт. Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар мегӯянд, мунтақидони давлат ба матбуот роҳ надоштанд ва корзори интихоботиро низ барои онҳо хеле маҳдуд карданд.
Мизони ширкати аҳолӣ дар раъйгирӣ чизе бештар аз 50 дарсадро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG