Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр" рӯзи 7-уми ноябр 112 нафар аз зоирони тоҷикро ба Арабистони Саудӣ интиқол дод. Ба гуфтаи масъулини ин ширкат, охирин парвози озимини ҳаҷ аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Ҷидда сурат гирифта ва бо ҳамин ҷараёни интиқоли довталабони ҳаҷ ба поён расидааст.

Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон аз 22-юми ноябр шурӯъ шуда, то 7-уми декабр идома хоҳад ёфт. Имсол сафари зоирон ба Маккаву Мадина аз роҳи ҳавоӣ ва он ҳам тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои "Тоҷик эйр" ва "Сомон эйр" анҷом гирифт.

Нахустин гурӯҳи довталабон, иборат аз 210 нафар, рӯзи 24-уми октябр барои зиёрати хонаи Каъба аз Душанбе ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ парвоз карда буданд.

Ҷои бисёр, довталабони кам

Шӯъбаи ҳаҷ ва зиёрати Кумитаи дин, ки дар даҳ соли гузашта риштаи танзими сафари ҳоҷиёнро ба даст гирифтааст, мегӯяд, имсол каме бештар аз 5 ҳазору 200 нафар аз сокинони Тоҷикистон ба зиёрати хонаи Каъба мушарраф хоҳанд шуд.

Ин рақам дар муқоиса ба арқоми як соли пеш 200 нафар бештар, вале дар муқоиса бо он квотае, ки вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ имсол барои Тоҷикистон ҷудо кардааст, тақрибан 300 нафар камтар мебошад.

Вазорати ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои аҳолии ҳафт миллионнафарии Тоҷикистон 5 ҳазору 500 квота ихтисос дода буд, ки имсол баръакси солҳои пешин барои бори нахуст пур нашуд.

Дар солҳои гузашта, довталабони ҳаҷ, ки дар рӯйхати Кумитаи дин танҳо номи 5 ҳазори онҳо меғунҷид, аз тариқи ширкатҳои сайёҳӣ дар Русияву Қирғизистон ҳам роҳ меҷустанд, ки ҳаҷҷи фарзиро ба ҷо оранд.

Ҳаҷравӣ арзон шуд

Вале баръакси солҳои пешин, ки довталабонро болоравии қиммати махориҷи ҳаҷ нигарон мекард, имсол мақомот аз поин рафтани арзиши харҷи зоирон хабар доданд.

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, имсол сафари зоирон ба қиммати камтаре анҷом шуда ва хароҷоти маросими ҳаҷ ҳамагӣ 3 ҳазору 191 долларро ташкил медиҳад, ки маблағи роҳкиро, ҷойи хоб ва ғизои зоиронро фаро мегирад.

Мавлон Мухторов, муовини раиси ин кумита, мегӯяд, “Вобаста ба баланд рафтани нарх дар тамоми дунё нархи сафари ҳоҷиёни мо низ баландтар мешуд. Вале ин нарх 151 доллар камтар шуд. Яъне, масъаларо ба манфиати зоирон ҳал кардем.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG