Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти муҳими раҳбарони ироқӣ дар Арбил


Раҳбарони эътилофҳои умдаи курдҳову шиъаҳо ва сунниҳои Ироқ имрӯз дар шаҳри Арбили Курдистон ба хотири рафъи бӯҳрони ҳаштмоҳаи сиёсӣ ва тақсими қудрат ташкили як ҷаласаи рӯбарӯ мекунанд. Сухангӯи давлати Ироқ Алӣ ал-Даббоғ гуфт, аҳзоби сиёсӣ рӯзи шанбе тавофуқ карданд, ки Ҷалоли Талабонӣ дар мақоми раисиҷумҳур ва Нурӣ Моликӣ дар симати сарвазир боқӣ монда, ҳаққи таъйини раиси парлумон ба эътилофи Ироқияи сарвазири собиқ Иёд Алавӣ вогузор мешавад. Эътилофи Ироқия ахзи чунин муомиларо ба Франс Пресс таъйид карда, вале гуфтааст, баҳсҳо бар сари мақомҳои калидӣ ҳанӯз идома дорад.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ хостори тақсими машрӯъи қудрат ва ташкили як ҳукумати фарогир дар Ироқ шуд: “Мо ироқиҳоро пайваста ба ташкили як давлати фарогире даъват мекардем, ки манофеъи ақшори мухталифи мардумро мунъакис кунад. Дар онҷо бояд тақсими машрӯиъ қудрат байни гурӯҳҳову шахсиятҳои гуногун сурат бигирад.”
Интихоботи парлумонии моҳи марти Ироқ бо бартарии андаки эътилофи Ироқия анҷом ёфт, вале гурӯҳҳои ироқӣ тайи 8 моҳ натавонистанд ба ташкили кобинаи нав даст биёбанд.
XS
SM
MD
LG