Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд


Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар даври 32-юми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бар рақиби аслии худ – тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 ғолиб омада, унвони қаҳрамони имсолаи футболи кишварро барои худ таъмин кард.
Бо онки то поёни ин мусобиқот ҳанӯз 4 даври дигар боқӣ мондааст, “Истиқлол” дар 28 бозӣ 74 имтиёз ба даст оварда, барои нахустин бор қаҳрамони футболи Тоҷикистон шуд.
“Истиқлол” ҳамагӣ 3 сол пеш ташкил шуда, Рустами Эмомалӣ, писари калонии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳамин тим ба ҳайси ҳамлагар бозӣ мекунад. Рустами Эмомалӣ, ки ташкилкунандаи тими “Истиқлол” низ ном бурда мешавад, дар ҳафтаи гузашта муовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон интисоб шуд.
XS
SM
MD
LG