Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози давраи шашуми воксинзанӣ аз фалаҷи кӯдак


Имрӯз дар Тоҷикистон марҳалаи шашуми воксинзании атфол алайҳи бемории фалаҷи кӯдак шурӯъ шуд. Тайи ин маърака аз полиомелит воксин задани 2,7 миллион кӯдаки зери синни 15 дар назар гирифта шудааст. Бино ба маълумоти дафтари ЮНИСЕФ, Сандуқи кӯдаки СММ дар Тоҷикистон, ин марҳалаи маъракаи воксинзании зидди фалаҷи кӯдак дар ин кишвар бо кӯмаки молии давлатҳои Ҷопону Ҳинд, кумитаи ҷопонии “Воксинҳо барои атфоли дунё”, Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва худи ЮНИСЕФ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG