Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама хостори равобити беҳтари Ҳинду Покистон шуд


.

.

Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Амрико, Барак Обама, дар ҷараёни сафараш ба Ҳиндустон аз мақомоти ин кишвар даъват кард, талошҳои сулҳ бо Покистонро, ки пас аз ҳамлаҳои Мумбай дар соли 2008 ба монеаҳо дучор шудаанд, тақвият диҳанд.

Коршиносон мегӯянд, Обама, ба равобити байни Ҳинду Покистон дар чаҳорчӯби муносибатҳо дар минтақа ва дурнамои ҷанги Афғонистон таваҷҷӯҳи хос дорад ва дар вазъе ҳаст, ки аз як сӯ бояд ба рақиби Ҳиндустон -- Покистон ба хотири пирӯзӣ дар Афғонистон миллиардҳо доллар кӯмак кунад ва аз сӯи дигар ҳам ёрии Ҳиндустон ва равобити наздиктар бо онро ҷӯё шавад.

Обама хостори гуфтугӯҳо сулҳ миёни Ҳинд ва Покистон

Дар посух ба суолҳои сахти донишҷӯёни коллеҷи Мумбай, Обама талош кард, хатти тавозунро дар байни ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ нигоҳ дорад ва бигӯяд, ки кӯмаки ҳардуи онҳо дар эътидоли Афғонистон яксон муҳим аст.

"Умеди ман ин аст, ки бо мурури замон эътимод дар байни ин ду кишвар эҳё ва муколама оғоз мешавад. Эҳтимолан, сари масъалаҳое, ки камтар баҳсбарангезанд ва бо мурури замон оштие ба миён хоҳад омад, ки Ҳиндустон ва Покистон битавонанд дар паҳлуи ҳам ба таври осоишта ба сар баранд."

Таври маълум, аксарият дар Ҳиндустон мухолифи толибонанд ва таърихан низ Ҳиндустон аз нерӯҳои зидди Толибон дар Афғонистон ҳимоят кардааст. Биноан, аз раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бештар дар бораи шеваи оштии ҳукумати Ҳомид Карзай бо Толибон суол шуд. Посухи Обама ба ин пурсишҳо чунин буд:

"Агар толибони собиқ ё феълӣ худро аз Ал-Қоида ҷудо донанд, хушунатро ҳамчун роҳи расидан ба ҳадафи сиёсӣ маҳкум кунанд, омода бошанд, ки ба қонуни асосии Афғонистон арҷ бигузоранд, ва барои намуна, аз баробарии ҳуқуқи марду зан ҳимоят кунанд, мо комилан аз ин шеваи ҳалли сиёсӣ пуштибонӣ мекунем."

Обама изҳори умедворӣ кард, ки Ҳиндустон низ дар ҳалли қазияи Афғонистон ширкати фаъол хоҳад дошт ва дар ин роҳ бояд бо Покистон коршарик бошад. Мулоқоти Обама бо донишҷӯён дар шаҳре мегузашт, ки дар соли 2008 гурӯҳе аз ситезаҷӯён ба меҳмонсароҳо, истгоҳи роҳи оҳан ва маркази фарҳангии яҳудиён ҳамла карда, 166 нафарро ба қатл расонданд. Бо эълони даст доштани гурӯҳҳои покистонӣ дар ин ҳамла, Ҳиндустон дафъатан муколамаҳо сулҳ бо Покистонро қатъ кард.

Кашмир-нуқтаи меҳварии низоъ байни Ҳинд ва Покистон

Акнун дар пайванд ба сафари раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ба Ҳиндустон, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Покистон Абдулбосит гуфтааст, Амрико бояд дар ҳалли мушкили Кашмир нақши созанда дошта бошад. Кашмир минтақаи баҳсбарангезест, ки аз замони ҷудо шудани Покистон аз Ҳиндустон то ҳоло ду кишварро дар ҳоли ҷанг нигоҳ медорад. Вале раисиҷумҳури Амрико дар сафари Ҳинд таъкид кард, ки тафоҳуми байни Ҳинду Покистон бояд аз масъалаҳои хурдтар оғоз шавад.

Обама аз сармоягузориҳои Ҳиндустон дар Афғонистон истиқбол кард ва гуфт, ин раванд бояд идом пайдо кунад. Ҳиндустон то ҳол ба Афғонистон дар ҳаҷми 1 миллиарду 300 миллион доллар кӯмак кардааст ва мехоҳад, Афғонистони босубот паноҳгоҳи исломгароёни зидди Ҳиндустон набошад.

Ҳиндустон ҳамчунин хостори боз шудани роҳҳои тиҷоратӣ ва интиқоли энержӣ аз Осиёи Марказист, ки дар ҳоли ҳозир Покистон барои барномаҳое, ки Ҳиндустонро низ дар назар дошта бошанд, талоши лозим намекунад.

Дар ин байн, сафари раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ба минтақа, дар Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG