Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши сарони ниҳодҳои амниятии ИДМ дар Душанбе


Аз 8-ум то 10-уми ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти сарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махфии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ баргузор мешавад, ки дар он вазъи амниятии Осиёи Марказӣ ва ҳамкориии ниҳодҳои амниятию истихборотии кишварҳои ҳамсуд дар мубориза бо терроризми байнулмилалӣ, тундравии динӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ баррасӣ хоҳад шуд. Сардори Маркази равобити ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Нозир Бӯриев мегӯяд, бори аввал дар чунин нишасти махсус намояндагони хориҷӣ аз Олмон, Фаронса ва Итолиё ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG