Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши аҳзоб дар таъсиси ҳукумати нави Ироқ


Пас аз ҳашт моҳи баҳсу ихтилоф дар пайи интихоботи порлумонӣ, аз тафоҳум дар масъалаи ташкили давлати нави Ироқ хабар мерасад. Сухангӯи ҳукумат Алӣ Ал-Даббоғӣ ба хабаргузории Франс-Пресс гуфтааст, ҳамаи аҳзоб ризоият доданд, ки Ҷалоли Толибонӣ фаъолияти хешро ба ҳайси сардори давлат ва Нурӣ Ал-Моликӣ ба ҳайси сарвазири Ироқ идома диҳанд. Раиси порлумонро эътилофи Ироқия интихоб хоҳад кард. Ин интхобот рӯзи 11-уми ноябр баргузор шуда, бо ҳамин нахустин қадам ба ташкили ҳукумати нав гузошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG