Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати Обама ба тафоҳуми миёни Ҳинд ва Покистон


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар ҷараёни сафараш ба Ҳиндустон аз мақомоти ин кишвар даъват кард, талошҳои сулҳ бо Покистонро, ки пас аз ҳамлаҳои Мумбай дар соли 2008 ба монеаҳо дучор шудаанд, тақвият диҳанд.

"Умеди ман ин аст, ки бо мурури замон эътимод дар байни ин ду кишвар эҳё ва муколама оғоз мешавад. Эҳтимолан, сари масъалаҳое, ки камтар баҳсбарангезанд ва бо мурури замон оштие ба миён хоҳад омад, ки Ҳиндустон ва Покистон битавонанд дар паҳлуи ҳам ба таври осоишта ба сар баранд."

Обама изҳори умедворӣ кард, ки Ҳиндустон низ дар ҳалли қазияи Афғонистон ширкати фаъол хоҳад дошт ва дар ин роҳ бояд бо Покистон коршарик бошад.
XS
SM
MD
LG