Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти зидди латукӯби журналисти "Коммерсант"


Дар Маскав ва Санкт-Петербурги Русия бо талабҳои боздошт ва муҷозоти латукӯбкунандагони журналисти "Коммерсант" Олег Кашин тазоҳурот барпо шуд. Дар Маскав мӯътаризон дар назди идораи марказии полис даст ба намсоиш заданд. Дар Санкт-Петербург фаъолони ҷунбишҳои "Яблоко" ва "Солидарност", дигар аҳзоби сиёсӣ дар тазоҳурот ширкат карданд. Журналист Кашин шоми дирӯз дар назди хонааш ҳадафи латукӯби сахт қарор гирифта, дар бемористон ба сар мебарад ва ҳамкоронаш ин ҳамларо ба касби ӯ пайванд медиҳанд.
XS
SM
MD
LG