Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоияти Эрон ба гуфтушуниди ҳастаӣ дар Туркия


Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, муколамаи кишвараш бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки зиёда аз як сол ба ин сӯ дар бунбаст қарор доранд, метавонанд, ба зудӣ дар Туркия аз сар гирифта шаванд. Манучеҳри Муттакӣ дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, вай ба "дӯстони турк"-и кишвари худ иттилоъ додааст, ки Эрон омодааст, гуфтушунид дар Туркия ҷараён гирад. Гурӯҳи 5 ба изофаи 1, яъне 5 узви доимии Шӯрои Амният ва Олмон пешниҳод кардааст, музокирот дар нимаҳои ноябр дар Вена баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG