Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикон панду ҳикмати зиёд ва бузургворонае доранд, аммо ин мақол маҳсули тафаккури ғарбист, ки "агар дар қаъри чоҳ ҳастӣ, роҳат фақат ба болост." Яъне илоҷе ба ҷуз аз ҳаракат ба боло надорӣ. Ин андарз ҳам ҳақиқатро баён мекунад ва ҳам як нерӯи равонбахш дорад, ки ҳатто афтодаи зери чоҳро ба талоши наҷот илҳом медиҳад.

Ин андешаҳо аз мутолиаи гузориши нави Барномаи рушди Созмони Милал дар бораи вазъи захираҳои инсонӣ ва рушди онҳо дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 4-уми ноябр мунташир шуд, ба зеҳни кас меоянд.

Бино бар хулосаҳои он, Тоҷикистон аз лиҳози рушди инсонӣ ҳарчанд дар байни кишварҳои Шӯравии пешин охирин шумурда мешавад, ба сурати умум аз ҷои 127-уми соли гузашта ба ҷои 112-ум баромадааст. Пешрафт муборак, аммо бар пояи чӣ дастовардҳое он ба миён омадааст? Масъули таҳияи назарияи рушди инсон дар дафтари Барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон, Рустам Бобоҷонов мегӯяд, кишвар дар чанд соли охир ба пешрафти иқтисодӣ даст ёфт ва аз сӯи дигар сармояву кӯмакҳои беруна, ки дар 10-15 соли гузашта Тоҷикистон ба даст оварда буд, акнун самар медиҳанд.

Вале аз нигоҳи раҳбари созмони ғайридавлатии "Оштии миллӣ" дар Тоҷикистон, Ҳуринисо Ғаффорзода бо вуҷуди бархе аз аломатҳои рушд дар кишвар, вазъ на ба он дараҷаест, ки метавон интизорашро дошт. Ба ақидаи ӯ, пешрафт танҳо дар шаҳру шаҳракҳо дида мешавад, аммо ҳам дар он ҷо ва ҳам дар рустоҳо, агар пули муҳоҷирони тоҷик намебуд, авзоъ ба маротиб бадтар буда метавонист.

Зимнан, ин соли 20-уми аст, ки ниҳоди Созмони Милал гузоришҳои солонаи хешро дар бобати рушди инсон дар кишварҳои ҷаҳон ба нашр мерасонад. Назарияи он аввалин бор зиёде аз 20 сол пеш аз тарафи иқтисодшиноси покистонӣ Маҳбуб-ул-ҳақ пешниҳод шуда, вай мегуфт, агар инсонҳо сарвати асосии ҳар мамлакат бошанд, бояд рушди онҳо на аз рӯи ҳаҷми даромади нохолиси миллӣ, балки беҳбуди зиндагии одам дар ин мамлакат арзишдиҳӣ шавад. Яъне на арқому адад, балки худи инсон муҳим аст, қаноатмандии ӯ аз вазъи зиндагияш, таносуби лаҳзаҳои шодӣ ва ғам, осудагию амнияти ӯ ва эътимодаш ба фардо.

Тандурустӣ ва тӯли умр, дастрасӣ ба таҳсилу маориф, даромади молӣ, амният ва адолат аз шохисҳое мебошанд, ки ба воситаи онҳо Барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон дараҷаи рушд дар ин ё он кишварро муайян мекунад. Рустам Бобоҷонов бар ин аст, ки аксари кулли ин шохисҳо ба бахши иҷтимоӣ пайванд мегиранд ва дар ҳақиқат, ҳеч давлате наметавонад аз пешрафт сухан кунад, агар натавонистааст, мушкилоти иҷтимоии мардуми хешро ҳал намояд. Вале ҷаноби Бобоҷонов ҳолати мавҷударо ба вазъи иқтисодиёти Тоҷикистон бастагӣ медиҳад ва мегӯяд, бо вуҷуди чунин буҷа давлат ба рушди захираҳои инсонӣ диққати зиёд медиҳад. Вай мегӯяд, вазъ замоне метавонад, комилан тағйир кунад, ки на танҳо давлат, балки соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар ҳалли мушкил саҳм бигиранд.

Дар чунин вазъият Тоҷикистон аз лиҳози рушди инсон як зина поён аз Сурия ва як зина боло аз Ветнам аст. Ин дар ҳоле ки Узбакистону Қирғизистон аз Тоҷикистон 10-11 зина, Қазоқистон ва Русия 45-46 зина, аз Беларус қариб 50 зина болотаранд. Яке аз тафовутҳоро теъдоди камбизоатон дар ин кишварҳо ташкил медиҳад ва Тоҷикистон хосияти дигаре ҳам дорад, ки як бахши умдаи камбизоатон дар ин ҷо ба гурӯҳи фақри чандбӯъдӣ шомил мешаванд, ки асосан ба кишварҳои африқоӣ хос мебошад. Фақри чандбӯъдӣ, яъне ҳолате ки қашшоқӣ на танҳо ба ғизо марбут мешавад, балки ба риштаҳои дигар низ ва инчунин имконияти инсон барои наҷот аз фақр маҳдуд.

Бино бар пажӯҳиши Барномаи рушди Созмони Милал, сиёсатҳои он давлате муваффақ шумурда мешавад, ки дар баробари шаҳрвандонаш аз меъёрҳои адл кор гирад ва ба коҳиши фарқи байни сарватмандону камбағалон талош кунад. Аммо иқтисодшинос Рустам Бобоҷонов мегӯяд, зуҳури ин қишрҳо дар ҷомеаи тоҷик як талаби замон аст. Ба андешаи ӯ, низоми бозаргонӣ ва сармоядорӣ табъан қишри сарватмандеро ба миён меорад, аммо талошҳои зиёде ба харю меравад, то ба камбизоатон кӯмак расонда шавад.

Ҷаноби Бобоҷонов барномаи коҳиши фақр дар Тоҷикистонро ба сурати умум муваффақ мешуморад, ҳарчанд инро ҳам қабул дорад, ки бӯҳрони ҷаҳонӣ талошҳои фақрзудоӣ дар кишварро то андозае ноком кардааст. Вале ҳамсӯҳбати дигари мо, намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, Ҳуринисо Ғаффорзода манзараро аз зовияи дигар мебинад. Вай мегӯяд, дар Тоҷикистон синфҳои сарватманд ва қашшоқ мавҷуд буда, синфи миёнае, ки ба боло ҳаракат кунад ва ба ин роҳ кишварро ба самти пешрафт савқ диҳад, мавҷуд нест.

Хонуми Ғаффорзода ҳамчунин фарҳангу маърифати пасти сиёсӣ, набуди ҳамкории аҳзоби сиёсии кишвар, шунида натавонистани ҳарфи мусбати рақиби хеш, нобоварию беэътимодӣ ба ҳамдигар ва ношаффофии фаъолияти давлатро аз монеаҳои дигар рушди Тоҷикистон меноманд. Аз нигоҳи Рустам Бобоҷонов яке аз монеаҳои асосӣ маҳалгароии тоҷикон ва дигаре набуди ваҳдати ақида ва талош миёни ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG