Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: "Интихоботи Мянмар шаффофу одилона нест"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, интихоботи имрӯзаи Мянмар, ки режими низомӣ дорад, на шаффоф аст ва на одилона. Барак Обама дар ин бора зимни суханронӣ дар ҳузури донишҷӯён дар шаҳри Мумбайи Ҳинд сухан гуфт. Ӯ афзуд, мардуми Мянмар муддати зиёдест, ки аз ҳаққи таъйини сарнавишти худ маҳруманд. Дар тӯли 20 соли ахир бори аввал аст, ки дар Мянмар интихоботи умумӣ баргузор мешавад ва онро ғайридемократӣ хондаанд, чун ҳанӯз ҳам Аун Сан Сучӣ, раҳбари мухолифини Мянмар дар боздошт аст. Соли 1990 ҳизби Сан Сучӣ, дар интихобот пирӯз шуд, аммо режими низомии Мянмар ин пирӯзиро ҳеҷ гоҳ эътироф накардааст.
XS
SM
MD
LG