Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди мақомоти Данғара барои эҳёи пойгоҳи мушакӣ


Мақомоти ноҳияи Данғара мегӯянд, қасд доранд, пойгоҳи фарсудашуда ва аз кормондаи мушакҳои зидди жоларо барқарор кунанд. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати ғайрифаъол мондани ин пойгоҳ, кишоварзони ноҳия ҳар сол бар асари бориши жола хисороти зиёд хоҳанд дид, мисли онки соли равон шудааст. Маҳмадулло Сайдалиев, раиси ноҳияи Данғара мегӯяд: “Давоми соли ҷорӣ аз 2300 ҳазор гектар пахтазор 375 гектари онро жола комилан хароб кард. Боғҳоро низ жола зарар расонд. Ҳар сол чунин мешуд, вале имсол зарар хеле бисёр буд. Мо ҳисоб кардем, ки агар мушакҳои зиддижола фаъол мешуданд, ин қадар зарар намешуд. Боз болои зарар мо маҷбур будем, ки хоҷагиҳои зарардидаро ҷуброн кунем ва аз андоз озод. Барои ин барқарории ин мушакҳо саривақтист.” Пойгоҳҳои мушакӣ ба зидди жола дар замони шӯравӣ дар ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон, ки кишвари умдатан кишоварзист, вуҷуд доштанд, аммо теъдоди каме аз онҳо фаъол аст.
XS
SM
MD
LG