Пайвандҳои дастрасӣ

Аҷсоди 5 маъмури пулиси Афғонистонро пайдо карданд


Дар шарқи Афғонистон ҷасади 5 маъмури пулисро пайдо карданд, ки ҳафтае пеш баъди ҳамлаи ҷангҷӯёни Толиб нопадид шуданд. Сардори идораи пулиси ноҳияи Вардак гуфт, ҷасадҳоро мардуми маҳаллӣ шаби шанбе дар ноҳияи Чик пайдо карданд. Рӯзи як ноябр ҷангҷӯёни Толиб ба ноҳияи Хугиёнӣ дар вилояти Ғазӣ ҳамла карда ва қароргоҳҳои ҳукуматиро оташ заданд. Дар пайи он ҳамла 16 маъмури пулиси ноҳия нопадид шуданд, ҷасади чаҳор нафари онҳоро дертар дар шаҳри Ғазнӣ пайдо карданд. Сарнавишти ҳафт пулиси дигар маълум нест.
XS
SM
MD
LG