Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ медали паҳлавонони тоҷик дар Тошканд


Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Тошканд 5 медал ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федератсияи гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати самбои варзишӣ, Абубакр Зоиров дар вазни то 90 кг ва Набимуҳаммад Хоркашев дар вазни то 100 кг ҷойҳои дуввумро касб карда, бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Дар ин навъи рақобатҳо паҳлавони дигари тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни то 52 кг дар ҷои саввум қарор гирифт ва соҳиби медали биринҷӣ гашт.

Дар сабқати самбои размӣ Фаридун Устопиров дар вазни то 82 кг ва Умед Ҳасанбеков дар вазни то 90 кг ҷойҳои саввумро соҳиб шуданд.

Дар ҳисоби дастаӣ байни мардон дар навъи самбои варзишӣ Тоҷикистон байни 14 кишвар дар мақоми 7-ум қарор гирифт. Дастаи мардонаи Русия бо касби 3 медали тилло ва 4 биринҷӣ ғолиб шуд. Булғористон бо 2 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ҷои дуввум ва Гурҷистон бо 3 медали нуқра ва 2 биринҷӣ ҷои саввумро касб карданд. Пеш аз Тоҷикистон инчунин, дастаҳои Қазоқистон, Озарбойҷон ва Узбакистон ҷойгир шуданд.

Касби панҷ медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро коршиносони риштаи варзиш дар Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Вале дар тӯли 35 сол пас аз пирӯзии ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов, ягон варзишгари дигари Тоҷикистон дар риштаи гуштии самбои варзишӣ байни бузургсолон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф нашудааст.
XS
SM
MD
LG