Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти се ҷангҷӯи Толибон дар Афғонистон


Маъмурони амниятии Афғонистон се ҷангҷӯро бо иттиҳоми кӯмак ба анҷоми ҳамлаи интиҳорӣ ба дафтари Созмони Милал дар шаҳри Ҳирот боздошт кардаанд. Сайид Ансорӣ, сухангӯи Раёсати амнияти миллии Афғонистон, гуфт, яке аз боздоштшудагон Нур Муҳаммад, чаҳор бомбгузорро аз шаҳри Кветтаи Покистон ба Ҳирот овардааст. Ӯ гуфт, амри ин ҳамларо Мулло Исматулло Самангонӣ, узви Шӯрои Толибон дар Кветта додааст. Рӯзи 23 октябр чаҳор ҷангҷӯёни Толиб бо либосҳои занона ва пулиси Афғонистон, хостанд вориди қароргоҳи Созмони Милал дар Ҳирот шуда, худро мунфаҷир кунанд, аммо аз тири маъмурони амниятӣ ҳалок шуданд. Касе аз кормандони Созмони Милал дар ин ҳодиса осеб надид.
XS
SM
MD
LG