Пайвандҳои дастрасӣ

Латукӯби бераҳмонаи як хабарнигори шинохтаи Русия


Додситонии Русия дар робита ба латукӯби бераҳмонаи Олег Кашин, як хабарнигори шинохтаи ин кишвар, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Олек Кашин, хабарнигори рӯзномаи “Коммерсант”-ро, шаби ҷумъа дар назди хонааш ба ҳадде латукӯб кардаанд, ки табибон барои дармони ҷароҳатҳояш маҷбур шудаанд, ӯро ба ҳолати комаи сунъӣ дароваранд. Рӯзномаи “Коммерсант” навиштааст, ки ҷоғ ва соқҳои пойи Олег Кашинро шикастаанд ва ҳам мағзи сараш осеб дидааст. Олег Кашини 30-сола умдатан дар мавриди тазоҳуроти нишастҳои мухолифин ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷавонон ва раиси ҷумҳури Русия мақола менавишт.
XS
SM
MD
LG