Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: "Амрико ва Ҳинд дар канори ҳам истодаанд"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, имрӯз дар шаҳри Мумбайи Ҳинд гуфт, Ҳинду Амрико барои муҳофизати “машъали озодӣ” дар канори ҳам истодаанд. Барак Обама дар оғози боздиди 9 рӯзааш аз кишварҳои осиёӣ имрӯз вориди Мумбай шуд. Зимни суханронӣ дар меҳмонсарои бошукӯҳи Тоҷмаҳали шаҳр, ки соли гузашта дар ҳамлаи терористие дар он 160 нафарро куштанд, Барак Обама гуфт, “Амрикову Ҳинд дар азмашон барои таъмини амният ва шукуфоии мардум дар канори ҳам истодаанд”. Барак Обама аз Ҳинд ба Индонезия меравад, ки чаҳор соли кӯдакиаш онҷо сипарӣ шудааст. Баъдан ӯ барои ширкат дар ду нишасти муҳими байналмилалии иқтисодӣ ба Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон сафар мекунад.
XS
SM
MD
LG