Пайвандҳои дастрасӣ

WHO иқдоми Тоҷикистонро "пешрафт", аммо нокофӣ хонд


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аз иқдоми давлати Тоҷикистон барои маҳдуд кардани истеъмоли тамокуро як пешрафти бузурге дар амри сиҳатии омма, вале айни замон нокофӣ хонд. Кристина Майер Стендер, ҳамоҳангсози барномаи назорати истеъмоли тамоку аз бахши аврупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин бора гуфт: “Ин қонун ҳанӯз комилан бар аҳдномаи байналмилалии “Чаҳорчӯби назорат бар истифодаи тамоку” мувофиқ нест, ки он мамнӯъияти сад дар садии истеъмоли тамоку дар тамоми маконҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ресторану барҳоро талаб мекунад. Дар қонуни Тоҷикистон, сигоркашӣ дар ресторану барҳоро мамнӯъ накардаанд ва мо умедворем, дар оянда чунин хоҳад шуд.“ Порлумони Тоҷикистон ҳамин ҳафта “Қонун доир ба истеъмоли тамоку” – ро тасвиб кард, ки бар асоси он кашидани ҳар навъи тамоку дар амокини умумӣ ва муассисаҳои давлатӣ мамнӯъ мешавад. Ин қонун танҳо баъди имзои раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳукми иҷро мегирад.
XS
SM
MD
LG